Дар ноҳияи Ашт корхонаи ҷӯроббофӣ бунёд карда мешавад

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръат дар ноҳияи Ашт корхонаи ҷӯроббофӣ бунёд карда мешавад. Дар ин бора зимни муаррифии лоиҳаи корхона ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд.

Бино ба иттилои масъулин корхонаи ҷорӯббофӣ бо ташаббуси Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳия ташкил гардида, тибқи лоиҳа корхона метавонад дар як шабонарӯз 30 ҳазор ҷуфт ҷӯроб истеҳсол намояд. Дар назар аст, ки дар корхона 200 адад таҷҳизоти ҷӯроббофӣ гузошта шуда, то 150 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гарданд. Арзиши лоиҳавии фабрикаи ҷӯроббофӣ 910 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти коркарди маҳсулот ва роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда иқдоми мазкурро шоистаи дастгирӣ арзёбӣ кард. Таъкид карда шуд, ки дар вилоят барои ташкили чунин фабрикаҳо захираву имкониятҳо фаровон буда, бояд ҳарчи бештар чунин корхонаҳо бунёд ва сокинон бо ҷойи корӣ таъмин карда шаванд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд