Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сохтмони иншооти гуногун шинос гардид.
Раиси вилоят аз ҷумла ҷараёни корҳои сохтмониро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25, ки дар деҳаи Ашти болои Ҷамоати деҳоти Ашт ҷойгир аст, моҳи майи соли 2019 оғоз ёфта, барои 620 хонанда дар як баст пешбинӣ карда шудааст.
Харҷномаи иншоот аз рӯйи лоиҳа 15 млн. 388,1 ҳазор сомониро дарбар мегирад ва лоиҳаи бино аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии «Панасиа ЛТД» тартиб дода шудааст. Фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда,
бинои нави муассисаи таълимӣ аз 4 ошёна иборат аст. Бино дорои 24 синфхона, китобхона, ошхона, маҷлисгоҳ, озмоишгоҳи кимиёвӣ ва физика, утоқҳои фаннии кимиё, биология, физика, технология (барои писарону духтарон), технологияи иттилоотӣ, омодагии дифои ҳарбӣ мебошад.
Сипас, Раиси вилоят аз рафти корҳо дар бинои нави Маркази савдо ва хизматрасонӣ боздид кард. Маркази савдо ва хизматрасонӣ бо тарҳи муосир бунёд гардида, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Марказ аз 2 ошёна иборат аст ва бо ба истифода додани иншооти мазкур 5 нафар сокинон бо ҷойи кории доимӣ таъмин мегарданд.
Лоиҳаи Маркази савдо ва хизматрасонӣ аз ҷониби КФ КВД “Лоиҳакаш” дар ноҳия тарҳрезӣ гардида, харҷномаи он 680 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулон барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ супоришҳо дода, ҷиҳати тақвиятбахшии корҳои ободониву созандагӣ тавсияҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




