20 июл Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Ошобаи ноҳияи Ашт бо фаъолияти кишоварзони хоҷагии деҳқонии “Олами ангур” шинос гардид.
Бояд гуфт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи мақсадноку пурсамари замин ва ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида соли 2020 аз ҷониби бародарон — соҳибкорон — Зайналобиддин, Толибҷон ва Бахтиёр Махсудҷоновҳо токзори нав бунёд гардида буд.
Майдони умумии токзор 12 га буда, аз 21 ҳазор бех навъҳои ангури кишмиши сиёҳ, кишмиши сафед, шоҳона, ҳусайнӣ ва ғайра иборат аст.
Тавре маълумот дода шуд, токпарварон соли ҷорӣ ҳосили хуб рӯёнида, то имрӯз 34 тонна ангур содирот намудаанд ва дар назар аст, ки то охири мавсим 100 тонна ангур содирот карда шавад.
Раиси вилоят ба фаъолияти деҳқонон баҳои баланд дода, ҷиҳати сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва ба фурӯш гузоштани содироти он тавсияҳо дод.
Дар идомаи сафар роҳбари вилоят дар ҶДММ “Рахшона” вазъи нашъунамои пахтаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои оёбрии саривақтии зироат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ маслиҳатҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




