Аз шаҳри Конибодом 420 тонна зардолу содирот шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Конибодом бо нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимов шинос шуда, барои риояи қоидаҳои агротехникӣ ва озуқадиҳии зироат ба масъулин тавсияҳо дод.

Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии Конибодом дар хоҷагиҳои деҳқонии ин минтақа 5402 гектар пахта кишт гардида, нашъунамои зироат хуб ва дар меъёри муқаррарӣ мебошад. Кишоварзон аҳлона заҳмат кашида, барои ба даст овардани ҳосили зиёд аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодаанд.

Раиси вилоят аз ҳамзамон ҷараёни ғуну чини меваи зардолуро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар шаҳри Конибодом беш аз 11 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд буда, аз он 8 ҳазор гектараш ҳосилдеҳ мебошад. Ҳамасола аз ин боғот мева ҷамъоварӣ шуда, қисме аз он содирот ва қисми дигар хушконида мешавад.

Боғпарварони Конибодом дар парваришу истеҳсоли меваи зардолу таҷрибаи хуб дошта, иқлими мусоиди минтақа имкон медиҳад, ки ҳосили хуб рӯёнида шавад. Имсол низ содироти меваи тар ба роҳ монда шуда, то имрӯз 420 тонна зардолу содирот шудааст ва фурӯши мева ба хориҷи кишвар идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд