Дар шаҳри Конибодом сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ ва коргоҳҳои дӯзандагиву банду басти хушкмева идома дорад

7 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом бо сохтмони фабрикаи мурғпарварӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва коргоҳи банду басти хушкмева шинос гардид.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии мамлакат дар шаҳри Конибодом сохтмони корхонаҳои гуногун идома дорад. Яке аз чунин иншоот фабрикаи мурғпарварии ҶДММ «Конибодом паранда» аст, ки дар Ҷамоати деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷойгир шудааст. Фабрикаи мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ва бурунмарзӣ Фахридинова Хосият, Раҳимов Абдуаҳад ва Уроқов Суҳроҳбҷон ташкил шуда истодааст. Масоҳати умумии фабрика 5,6 гектар буда, дар он 4 бино барои парвариши мурғ мавҷуд аст ва дар ҳар яки он ба миқдори 15 000 сар мурғ парвариш карда мешавад. Тибқи лоиҳа дар як сол 600 тонна гўшти мурғ истеҳсол карда мешавад. Баъд аз ба истифода додани иншооти мазкур 20 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Инчунин, дар ҳудуди фабрика дар масоҳати 1,5 га боғи интенсивии зардолу ба миқдори 510 адад шинонида шуда, 6 гармхонаи парвариши лимў ба масоҳати 0,30 га сохта шуда, дар он тақрибан 1400 бех дарахти лимў парвариш хоҳад шуд.

Раиси вилоят ҳангоми шиносоӣ барои татбиқи пурраи лоиҳа тавсияҳо дода, ташкили фабрикаи мурғпарвариро барои таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ ва маҳсулоти ватанӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

Дар идома роҳбари вилоят аз коргоҳи дўзандагии ҶДММ «Ботур», ки дар Ҷамоати деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зокиров Мирхўҷа сохта шудааст, боздид намуд. Бинои коргоҳи дўзандагӣ аз се ошёна иборат буда, ба маблағи 1,5 млн сомонӣ сохта шудааст ва дар ошёнаи якуми он ошхона ҷойгир мебошад. Бо ба истифода додани коргоҳи дўзандагӣ 65 нафар занони деҳот бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Раиси вилоят ҳамзамон дар ҶСК «Конибодом», ки ба истеҳсоли консерва машғул аст, бо корҳои сохтмонии сардхона ва коргоҳи банду басти меваи хушк ошно гардид. Иттилоъ дода шуд, ки сардхона барои нигоҳдории 1200 тонна маҳсулот бунёд гардида, дар он ашёи хом захира ва сипас коркард мегардад. Коргоҳи банду басти меваи хушк бошад бо иқтидори 3 ҳазор тонна дар як сол бунёд гардида истодааст, ки бо ифтитоҳи он меваҳои шаҳдбор банду баст ва сипас содирот карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд