30 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Шаҳристон бо ҷараёни сохтмони синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 шинос гардид.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 дар деҳаи Фирдавсии ноҳия ҷойгир буда, сохтмони чор адад синфхонаи иловагӣ соли 2021 оғоз ёфта, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Арзиши лоиҳавии сохтмон 700 ҳазор сомонӣ буда, барои хонандагон беҳтарин шароити таҳсил фароҳам оварда мешавад.
Зимни боздид Раиси вилоят барои дар сатҳи баланд ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ дастур дода, аз тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи маориф ёдовар шуд. Таъкид карда шуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бобати мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои маориф, баланд бардоштани сатҳи донишандўзии хонандагон ва рў овардани онҳо ба омўзиши касбу ҳунар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Ҳамасола дар даҳҳо муассисаи таълимии садамавӣ корҳои азнавсозӣ ба итмом расонида шуда, марҳила ба марҳила кулли бинои муассисаҳои таъмирталаб аз таъмир бароварда мешаванд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




