Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Айнӣ чанде аз кӯдакони беморро аёдат кард.
Раиси вилоят аз ҷумла Ардашер Холиқов, соли таваллудаш 2009, Надима Аббосова, соли таваллудаш 2014, Маъруф Шодиев, соли таваллудаш 2006 ва Саидноза Раупова, соли таваллудаш 2014-ро аёдат кард. Се нафари ин наврасон бо ҳукми тақдир гирифтори фалаҷи майнаи сар ва як нафари дигар нобино буда, дар парастории наздикону пайвандон қарор доранд.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдат иброз дошт, ки таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтани кўдакону наврасон дар мадди назари ҳамешагии давлату Ҳукумат қарор дорад. Аз ҷониби давлат барои амалишавии орзуву ормонҳои кўдакон пайваста ғамхорӣ, бахусус ба бачагони ятиму бепарастор ва беморон дилсўзиву меҳрубонии хоса зоҳир мегардад.
Дар қаламрави вилоят 22 муассисаи иҷтимоӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 1800 нафар кўдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар вилоят зиёда аз 451 нафар ятими кулл умр ба сар мебаранд ва онҳо ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумат, шахсан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Ба наврасон аз ҷониби роҳбари вилоят туҳфаҳои идонаву хотиравӣ ва ба оилаашон маводи ғизоӣ супорида шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




