Дар Ҷамоати деҳоти Ғозиён ба як оилаи ниёзманд манзили истиқоматӣ бунёд мешавад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оилаи Солеҳа Файзиеваро аёдат кард.

Ин оила ниёзманд ба ҳисоб рафта, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои онҳо манзили истиқоматӣ бунёд гардида истодааст. Бунёди манзил ва оиладор намудани фарзанди ягонааш орзуи деринаи Солеҳа Файзиева буд ва ҳамакнун ӯ хеле хушҳол аст, ки ба орзуи худ мерасад.

Раиси вилоят дар суҳбат таъкид кард, ки дар оянда низ барои таъмини ин оила бо таҷҳизоти зарурии рӯзғор гузаронидани тӯйи хонадоршавии фарзанди Солеҳа Файзиева кӯмак карда мешавад. Зеро дастгирии ниёзмандон ва ятимону маъюбон дар меҳвари таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Раиси вилоят ҳамзамон кӯмакҳои моддии худро ба ин оилаи ниёзманд расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд