Дар Ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои беҳтар намудани вазъи таъминоти оби ошомиданӣ чоҳи амудӣ кофта шуд, ки дар натиҷа 300 оила бо оби нӯшокӣ таъмин гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо сокинони ҷамоат аз тадбирандешиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои деҳот ёдовар шуда, иброз дошт, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди деҳоти мамлакат маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад.
Аз ҷумла, барои таъмини аҳолии деҳот бо оби нушокӣ ва обёрии заминҳои кишоварзӣ лоиҳаҳои мушаххас амалӣ гардида истодааст. Масалан, барои обёрии заминҳои кишоварзӣ 15 миллион сомонӣ, аз ин 3 миллион сомонӣ барои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров равона карда шудааст.
Сокинон аз дастрасӣ ба оби ошомиданӣ изҳори хушнудӣ карда, таъкид карданд, ки вазъи таъминот бо об сол ба сол беҳтар мегардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




