Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Зафаробод

5 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Зафаробод собиқадорони меҳнат Умурзоқ Дониёров ва Ғафур Ҳаитбобоевро аёдат кард.

Умурзоқ Дониёров 25 августи соли 1944 дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Ў соли  1973 Донишкадаи иррегатсионии шаҳри Тошкандро бо ихтисоси  муҳандис-барқчӣ хатм намуда, барои рушди соҳаи кишоварзӣ саҳм гузоштааст.

Меҳнатҳои Умурзоқ Дониёров, Механизатори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст бо чандин ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст. 

Ғафур Ҳаитбобоев 1 феврали соли 1954 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ў соли  1986 Техникуми бинокории ноҳияи Зафарободро (ҳоло Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод) бо ихтисоси  интиқоли нақлиётҳои автомобилӣ хатм намудааст.

Ғафур Ҳаитбобоев аз соли  1986  то соли  2014 дар вазифаҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ дар совхози “Ширин” ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия фаъолият бурдааст.

Ба аёдатшудагон кӯмакҳои моливу пулӣ дастрас гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд