Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар деҳаи Зарафшони ноҳияи Зафаробод сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3 идома дорад.
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо фарогирии тамоми шароити муосири таълиму тарбия сохта мешавад. Шумораи хонандагони муассиса 600 нафар буда, бинои қаблии муассиса садамавӣ аст.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти ноҳия ва шахсони масъул супориш дод, ки дар самти чароғонкунии ҳудуди деҳа ва мумфарш намудани роҳҳои маҳаллӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Тасмим гирифта шуд, ки дар деҳа барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ таваллудхона ва ҳуҷраи хатна бунёд карда шавад. Зеро ба масъалаи саломатии модару кӯдак аз ҷониби давлату Ҳукумат таваҷҷуи хоса равона шуда, модару кӯдаки солим ин бунёдгузори ҷомеаи солим ба шумор мераванд.
Яке аз масъалаҳои муҳим дар ноҳияи Зафаробод ин таъмири роҳҳои мошингард ба шумор меравад. Бо таваҷҷуҳ ба ин масъала роҳбарияти вилоят тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст. Бештар аз 6 километр роҳи мошингард, ки ноҳияи Зафарободоро ба дигар минтақаҳои вилояти Суғд мепайвандад, мумфарш карда мешавад.
Дар ин самт корҳо оғоз гардида, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷроуд» мумфаршсозии роҳро ба зимма дорад.
Раиси вилоят супориш дод, ки пеш аз ҳама ба масъалаи сифати корҳои роҳсозӣ диққати махсус диҳанд. Ҳамарӯза дар ин масир шумораи зиёди сокинону меҳмонон рафту омад мекунанд ва таъмини бехатарии ҳаракат аз ҳолати роҳҳои мошингард вобаста мебошад.
Дар деҳоти Ҷомии ноҳияи Зафаробод Раиси вилоят бо фаъолияти фермаи чорводорӣ низ шинос шуд. Дар ферма асосан чорвои калон барои истеҳсоли гӯшт парвариш карда мешавад. Фаъолияти чунин фермаҳо бо мақсади таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ муҳим арзёбӣ карда шуд.
Тавсия дода шуд, ки бо назардошти талаботи бозор ба гӯшту шир зарурат ба миён омадаст, ки фермаҳои молӣ самти фаъолияти худро ба талаботи рӯз мутобиқ ва бо ворид намудани чорвои хушзот, ки аз лиҳози истеҳсоли гӯшту шир афзалияти бештар дорад, нишондоди истеҳсолиро беҳтар намоянд. Дар ин самт масъулини Сарраёсати кишовразии вилояти Суғд ва роҳбарияти ноҳияи Зафаробод вазифадор карда шуданд.
Дар ноҳияи Зафаробод ба масъалаи бунёди корхонаҳои нави саноатӣ эътибори хоса дода мешавад. Дар Ҷамоати деҳоти Ҷомии ноҳия аз тарафи соҳибкор Абдусамад Нормаматов корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равған бунёд гардида истодааст, ки дар он 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Корхона ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ сохта шуда, метавонад дар як сол 10 ҳазор тонна пахтаро коркард карда, равған низ истеҳсол намояд.
Дар доираи эълон гардидани панҷсолаи рушди саноат истифодаи зарфиятҳо дар ноҳияи Зафаробод муҳим шуморида мешавад. Зеро бо амалӣ шудани ин иқдоми наҷиб дар баробари фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ҳачми истеҳсоли маҳсулот бештар мегардад. Ба хусус истеҳсоли равған, ки талабот дар бозори истеъмолӣ ба он бештар эҳсос мешавад, амри заруриву саривақтӣ аст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




