5 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда, аз як қатор хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия боздид намуд.
Раиси вилоят нахуст аз боғи навбунёди Кооперативи истеҳсолии «Саховати Куруш», ки дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҷомӣ ҷойгир аст, боздид кард. Дар кооперативи мазкур соли ҷорӣ дар майдони 5 га боғи мевадиҳандаи интенсивӣ, аз он ҷумла 4 га себ ва 1 га шафтолу шинонида шуда, нашъунамои ниҳолҳо хуб арзёбӣ мешавад.
Барои обёрии заминҳои кооператив ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ пойгоҳи хурди обкашӣ сохта шуд, ки тавонониаш дар як сония 500 литрро ташкил медиҳад. Аъзои кооператив тасмим доранд, ки ояндаи наздик боз 10 гектар боғи нав бунёд карда, меваҳои истеҳсолшавандаро ба хориҷи кишвар содирот намоянд.
Дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш дода шуд, ки минбаъд дар ноҳияи Зафаробод ба масъалаи мақсаднок истифода намудани замин таваҷҷуҳ дода шавад.
Ноҳияи Зафаробод яке аз минтақаҳои асосии пахтакори вилояти Суғд ба шумор меравад. Соли равон заркорони ноҳия дар майдони 14850 пахта кишт намуда, интизор доранд, ки ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Раиси вилоят дар хоҷагии деҳқонии «Мустафо»-и ноҳия бо раванди корҳои саҳроӣ шинос шуд. Мушоҳида гардид, ки хоҷагидорон имрӯзҳо пурсамар меҳнат намуда, бо иҷрои қоидаҳои агротехникӣ ба парвариши пахта машғул мебошанд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур соли 2011 таъсис ёфта, дорои 10 га замини корам аст ва дар он пахтаи навъи “Хуҷанд-67” кишт карда шудааст.
Дар хочагии деҳқонии «Беҳрӯз-2015» бошад коркарди байни қатори пахта бо технологияи пешрафта ба роҳ монда шудааст. Хоҷагидорон бо харидории техникаи нав имкон пайдо намуданд, ки коркарди қатори байни пахтаро сифатнок ва дар муҳлати кутоҳ ба анҷом расонанд. Истифодаи техникаи нав кори заминдоронро осон намудааст.
Раиси вилоят аз самаранок истифода шудани замин дар хоҷагӣ ва талошҳои кишоварзон барои гирифтани ҳосили фаровон истиқбол намуда, иброз дошт, ки ин таҷриба дар дигар хоҷагиҳои пахтакор мавриди истифода қарор гирад.
Таъмини оби полезӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар ноҳияи Зафаробод дониста мешавад. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи обрасонӣ бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 50 чоҳи амудӣ ва бо саҳми соҳибкорону заминдорон 600 чоҳи амудӣ кофта шуда, имрӯз заминҳои киштгардидаро шодоб месозанд. Илова бар ин, барои фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашии ноҳияи Зафаробод аз буҷети вилоят маблағҳои зарурӣ равона ва як дастгоҳи обкашии пуриқтидор аз кишвари Чин оварда шуда, дар пойгоҳи обкашӣ насб карда мешавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




