Дар ноҳияи Спитамен бо мақсади рушди соҳаи саноат, истифодаи иқтидорҳои мавҷуда, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои муҳиму муассир андешида мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод. Зимни боздид аз корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Муҳайё ва Ко" маълумот дода шуд, ки самти фаъолияти корхона асосан ба дӯхти либоси мактабӣ равона шудааст.
Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар асоси шартнома аз ин корхонаи дӯзандагӣ либоси мактабӣ харидорӣ менамоянд. Гуфта шуд, ки корхонаи дӯзандагӣ иқтидор дорад, ки дар як сол 40 ҳазор либоси мактабӣ бо сифтаи баланд ва дизайни хос истеҳсол намояд. Айни замон 45 нафар сокинони маҳалӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мебошанд.
Раиси вилояти Суғд ба масъулини соҳаи маориф ва саноат супориш дод, ки дар ҳамоҳангӣ барои таъмини саривақтии хонандагон бо либоси мактабӣ дар шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Дар ҳамин ҷо роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Муҳайё ва Ко" аз нақшаҳои созандагӣ, ки аз дастуру супоришҳои роҳбарияти олии давлату Ҳукумат сарчашма мегирад, маълумот дода, илова намуд, ки дар шафати бинои корхонаи дӯзандагӣ бинои баландошёна бунёд намудааст.
Қомат афрохтани бинои баландошёна дар Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен аз раванди ободиву созандагӣ дар ҷамоату деҳот гувоҳӣ медиҳад. Масъулин вазифадор шуданд, ки иншооти ҷашниро бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замон бунёд намоянд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд