Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ

20 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Дар ноҳияи Мастчоҳ Раиси вилоят аз пойгоҳҳои обкашии "Янтоқ-1" ва "Дилварзин‐1" боздид карда, бо ҷараёни корҳои таъмиру омодасозии иншооти обрасонӣ ба мавсими нав шинос гардид. 

Корҳои таъмиру тармими иншооти соҳа моҳи октябр оғоз ёфта, дар ҳамаи 56 дастгоҳи обкашии ноҳия идома дорад. То имрӯз муҳаррикҳои дастгоҳҳои обкашӣ аз таъмир бароварда шуда, барои таъмини таҷҳизоти зарурии иншооти гидротехникӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо шудааст.

Дар ноҳия ҳамзамон тоза намудани 32 км каналҳо ба нақша гирифта шуда, то имрӯз дар 10 км корҳо ба анҷом расонида шудааст. Барои иҷрои корҳо аз Идораи беҳдошти замин ва обёрии вилоят низ техникаи зарурӣ равона шудааст.

Раиси вилоят барои пурра ба анҷом расонидани корҳои омодагӣ ва таъмири дастгоҳҳои обкашӣ ба масъулин супоришҳо дода, ҷиҳати ҳавасманд намудани кормандони соҳаи обрасонӣ роҳбарияти идораҳои соҳавиро вазифадор кард.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд