Дар маҳаллаи навбунёди Ҷамоати деҳоти Ворух мактаби нав сохта мешавад

3 марти соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар роҳбари вилоят нахуст дар Ҷамоати деҳоти Ворух ҷараёни корҳои ободониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Чуноне мушоҳида гардид, сокинони ҷамоат бо ташкили ҳашарҳо дастаҷамъона барои сарсабзу хуррам ва тозаву озода намудани кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ машғул буда, барои хотирмон таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз омодагӣ мебинанд.

Раиси вилоят барои вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ ва шинонидани дарахтону покиза нигоҳ доштани муҳити атроф тавсияҳо дода, иброз дошт, ки барои боз ҳам обод гардидани ҷамоат тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҷамоат Раҷаббой Аҳмадзода инчунин бо рафти сохтмони муассисаи нави таълимӣ шинос гардид. Мактаб дар маҳаллаи навбунёди ҷамоат сохта шуда, барои 240 хонанда пешбинӣ мешавад. Раиси вилоят иброз дошт, ки баробари бунёди муассисаи нави таълимӣ барои кору зиндагии мардуми маҳаллаи нав шароит муҳайё карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд