Аёдати собиқадорони меҳнат дар шаҳри Панҷакент

1 марти соли 2022 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри бостонии Панҷакент сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои ободониву бунёдкорӣ шинос гардид.

Дар оғози сафар роҳбари вилоят собиқадорони меҳнат Гулчеҳра Холмаҳмадова ва Мусаввара Ашӯроваро аёдат карда, онҳоро бахшида ба Рӯзи Модар табрик намуд.

Зимни суҳбат бо собиқадорон Раиси вилоят қайд намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи давлатӣ ва бо тантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад. Зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, ба онҳо омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.

Иттилоъ дода шуд, ки Гулчеҳра Холмаҳмадова 14 сентябри соли 1952 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Соли 1969 баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1975 бомуваффақият хатм намудааст. Аз соли 1975 то ҳол дар Беморхонаи марказии шаҳри панҷакент кор ва фаъолият карда истодааст. Хизматҳои арзандаи номбурда бо чандин ифтихорномаву сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Панҷакент қадршиносӣ гардидааст.

Мусаввара Ашӯрова 15 марти соли 1945 таваллуд шудааст. Соли 1958 баъди хатми мактаби миёна ба Коллеҷи омӯзгории Панҷакент дохил шуда, соли 1963 онро бомуваффақият хатм намудааст. Аз соли 1963 то 2015 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 кор ва фаъолият кардааст.

Ашӯрова Мусаввара бо унвони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” чандин ифтихорномаву сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Панҷакент қадршиносӣ гардидааст.

Раиси вилоят ҳамзамон аз ҳоли Салоҳиддин Юнусов хабар гирифт. Салоҳиддин Юнусов 14 марти соли 1940 таваллуд шуда, солҳои зиёд ба ҳайси муҳосиб ва сармуҳосиб дар ташкилоту идораҳои шаҳр фаъолият намудааст.

Аёдатшудагон барои таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд