Дар ноҳияи Шаҳристон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони соҳаи кишоварзӣ Умедҷон Умаров ва Янгибой Сулаймновро аёдат намуд.
Зимни суҳбат бо собиқадорон роҳбари вилоят аз рушди соҳаи кишоварзӣ ва саҳми кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ёдовар шуда, дастовардҳои назаррасро самараи кору фаъолияти шахсони соҳибтаҷриба ва пирони кор арзёбӣ кард.
Собиқадорони меҳнат бо ёдоварӣ аз лаҳзаҳои кории худ барои ҳусни таваҷҷуҳ ба роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




