Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар саноатикунонии босуръати кишвар дар шаҳри Истиқлол боз як корхонаи нави саноатӣ бунёд хоҳад шуд. Дар ин бора зимни муаррифи лоиҳаи корхонаи нав ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маълумот дода шуд.
Корхона аз ҷониби Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой сохта шуда, лоиҳаи он пурра омода шудааст ва соли 2023 корҳои сохтмонӣ оғоз ёфта, дар муддати якуним сол ва бо харҷи 50 миллион доллари ИМА ба анҷом расонида мешавад.
Дар корхона коркарди мис, сурб ва нуқра ба роҳ монда шуда, то 150 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо масъулини Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой аз муҳимияти бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки дар шаҳри Истиклол барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ зарфият ва имконоти зиёд мавҷуд аст. Дар сурати бунёди корхонаҳои нав ҳам ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мегардад ва ҳам шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин мешаванд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд