Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Истиқлол

14 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Истиқлол сафар карда, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.​

Зимни сафар роҳбари вилоят нахуст дар маҳаллаи 1-уми шаҳр ҷараёни сохтмони боғчаи бачагонаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ба иттилои масъулин муассисаи томактабӣ дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ва саҳмгузории Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой сохта шуда, дар он 240 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.​

Кӯдакистони навбунёд мутобиқ ба замони имрӯз сохта шуда, бо супориши Раиси вилояти Суғд минбаъд бо маркази гармидиҳии худӣ таъмин карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Истиқлол ду муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, дар онҳо 252 нафар таълим мегиранд. Ҳамзамон дар назди чор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 6 гуруҳи маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 130 нафар таъсис дода шудааст.

Раиси вилоят аснои боздид таъкид кард, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди кӯдакистонҳои замонавӣ ба роҳ монда шуда, барои фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ аз тамоми имкониятҳо истифода мешавад. Масъулини Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой уҳдадор шуданд, ки корҳои сабзу хуррамгардониро вусъат бахшида, ҳудуди муассисаи томактабиро чароғон намоянд.​

Дар шаҳри Истиқлол Раиси вилоят ҳамзамон корҳои рӯйпӯшсозии мавзеи радиатсиониро таҳти таваҷҷуҳ қарор дода, барои идомаи корҳо ба масъулин супоришҳо дод. Корҳои безараргардонӣ дар минтақаи Табошари куҳна ҷараён дошта, барои иҷрои корҳо тибқи созишномаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия 10 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст. Таъкид гардид, ки ҳудуди минтақа бештар аз 7 гектар буда, барои иҷрои корҳо техника ва мутахассисон ҷалб карда шудаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд