Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва бунёди як қатор иншооти соҳаи маориф шинос гардид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, ба муносибати 25 — солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ ва 30 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бунёду сохтмони як зумра иншооти соҳаи маориф идома дошта, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбияи насли наврас шароити замонавӣ муҳайё карда мешавад.
Зимни боздид аз МТМУ №28 иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо харҷи 18 миллион сомонӣ сохта мешавад. Тибқи лоиҳа иншоот аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 23 синфхона ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Мактаб барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, алҳол наздик 100 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ машғули кор ҳастанд.
Сипас, Раиси вилоят сохтмони ширхоргоҳ-кўдакистони №18-и шаҳри Хуҷандро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ба иттилои масъулин муассисаи таълимӣ соли 1959 сохта шуда, масоҳаташ 0,33 гектарро ташкил медиҳад. Кўдакистони бунёдшаванда бо назардошти талаботи замони муосир сохта шуда, дар он 180 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Дар идомаи боздиди корӣ роҳбари вилоят аз маҳалли бунёди мактаб-интернати нав барои хурдсолони ношунаво ва шунавоиашон суст боздид намуд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар маҳаллаи 18-уми шаҳр барои ин қишри ҷомеа мактаб-интернати замонавӣ бо 300 ҷой сохта хоҳад шуд. Дар асоси лоиҳа иншоот дорои бинои асосӣ, биноҳои ёрирасон, хобгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ аст.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон бо рафти сохтмони биноии истиқоматии иҷтимоӣ ва ҷойи бунёди мактаби инноватсионӣ дар маҳаллаи Темурмалик ошно шуда, ба масъулин ҷиҳати оғози корҳои ба нақшагирифташуда ва бо сифати баланд омода намудани иншооти сохташаванда дастуру супоришҳо дод.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд