Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар вилояти Суғд тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.
Аз ҷумла, беморону маъюбон зери таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят қарор дошта, ба нафарони эҳтиёҷманд мунтазам кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздиди корӣ аз шаҳри Бӯстон Мунисулло Зикррулозодаро аёдат карда, ба ин навраси бемор туҳфаҳои солинавӣ супорид. Ин наврас маъюб буда, оилаи онҳо яке аз оилаҳои ниёзманд маҳсуб меёбад ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта шудааст.
Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон кӯмакҳои моддии худро расонида, таъкид кард, ки давлату Ҳукумат ба оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд ва ятимону беморон мунтазам ғамхорӣ менамояд.
Сипас, роҳбари вилоят собиқадори меҳнат Иброҳим Дадоҷоновро аёдат карда, ба ӯ тансиҳатию хотирҷамъӣ орзу намуд. Мавсуф 92 сол дошта, солҳои тӯлонӣ дар соҳаи иқтисод ва савдо кор кардааст.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




