Аёдати собиқадорони меҳнат дар ноҳияи Мастчоҳ

6 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Мастчоҳ собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

Раиси вилоят собиқадори соҳаи маориф Робиямоҳ Холова ва собиқадори соҳаи кишоварзӣ Қосим Қосимовро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои модии худро расонид.

Робиямоҳ Холова соли 1956 таваллуд шуда, 40 сол дар соҳаи маориф ба ҳайси омӯзгор, мудири шуъбаи маориф, инчунин мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия кор карда, хизматҳои арзандааш бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадр шудааст. Мавсуф соҳиби 5 фарзанд ва 13 набера буда, ҳоло низ дар тарбияи насли наврас саҳми худро гузошта истодааст.

Қосим Қосимов соли 1942 таваллуд шуда, дар солҳои зиёд дар раёсатҳои кишоварзӣ, омор, нотариуси давлатӣ, ҳуқуқшиноси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолият бурдааст. Меҳнатҳои ӯ бо ифтихорнома сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия борҳо қадрдонӣ шудааст.

Аёдатшудагон аз ташрифи роҳбари вилоят изҳори хушнудӣ карда, барои дастгириҳои доимӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории худро изҳор доштанд.  

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд