Шиносоӣ бо сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №48 дар ноҳияи Айнӣ

13 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, бо рафти корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 шинос гардид.

Бино ба иттилои масъулин бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №48-уми деҳаи Каздони деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи иншоот аз тарафи КФ КВД “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Айнӣ таҳия гардида, тибқи харҷнома барои бунёди мактаб 6,4 миллион сомонӣ равона хоҳад шуд.

Дар ошёнаи якуми муассиса 5 синфхонаи таълимӣ, як синфхонаи таълимии касбу ҳунар, толори маҷлис, китобхона ҷойгир карда шуда, дар ошёнаи дуюм утоқҳои таълимии фанҳои биология, химия, физика, математика, технологияи компютерӣ, забонҳои русиву англисӣ ва ҳуҷраҳои директору омўзгорон ҷойгир шудааст.

Дар ҳудуди муассиса толори варзишӣ низ бунёд шуда истодааст. Ҳамзамон, дар муассиса ошхона, ҳуҷраҳои беҳдоштӣ ва бинои шабакаи гармидиҳӣ сохта мешавад.

Раиси вилоят зимни боздид бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф барои бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифтани атрофи муассисаи таълимӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд