Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистонро бо роҳбарии Гузал Тоҷимирзоева ба ҳузур пазируфт.
Раиси вилоят меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавсеаи робитаҳои бисёрҷонибаи ду кишвари дӯст идома дорад. Вилояти Суғд бо бисёр вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ дошта, дар доираи созишномаҳои давлатӣ соҳибкорони ду кишвар тарҳҳои муштаракро амалӣ намудаанд.
Аз ҷумла, дар шаҳри Гулистон корхонаи арматурбарории ҶДММ "Маҳмуд ва компания" таъсис дода шуд. Корхона соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он асосан арматура, ки дар сохтмони бинову иншооти гуногун, махсусан биноҳои бисёрошёна масолеҳи асосӣ ба шумор меравад, истеҳсол мегардад.