28 июн дар идомаи вохӯриву мулоқот бо фаъолони шаҳру ноҳияҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони шаҳри Конибодом мулоқот намуд.
Дар мулоқот Раиси вилоят аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 18 июни соли равон дар мулоқот бо фаъолон дар ноҳияи Данғара баён гардида буд, ёдовар шуда, ҷиҳати иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ва таъмини рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр ба масъулин супоришҳо дод. Дастур дода шуд, ки дар шаҳр бояд дар самти таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, пешгирӣ кардани болоравии нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, бомаром амалӣ гардондани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва дигар тадбирҳо масъулияти баланд ва муносибати ҷиддӣ зоҳир карда шаванд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр иттилоъ дода шуд, ки давоми 5 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Конибодом ба маблағи 85 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба 5 моҳи соли гузашта 1,6 миллион сомонӣ зиёд буда, 101,9 фоизро ташкил медиҳад. Раиси вилоят бо назардошти имкониятҳои шаҳр ба роҳбарияти шаҳр супориш дод, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ, инвесторон ва шарикони рушд фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр куллан ҷоннок карда шавад. Аз ҷумла, мувофиқи мақсад аст, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва шарикони рушд фаъолияти корхонаҳои “Шоҳон”, “Нафтрасон”, “Конибодом”, “Меваи Канд” ва амсоли инҳо беҳтар карда шуда, барои иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар чораҳои зарурӣ андешида шавад.
-Истифодаи самараноки замин яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, роҷеъ ба ин масъала эътибори роҳбарияти давлату Ҳукумат рўз то рўз меафзояд. Зеро иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз ба истифодаи самараноки замин вобастагӣ дорад,-таъкид шуд дар мулоқот.
Дар шаҳри Конибодом масоҳати заминҳои корами обӣ 9 ҳазору 244 гектар, заминҳои чарогоҳ 5951 гектар, заминҳои наздиҳавлигӣ 3875 гектар, заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон 1088 гектар, заминҳои ҷангалу бешазор 1049 гектарро ташкил медиҳад ва масъулини соҳаро зарур аст, ки аз ҳисоби баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ дурнамои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро таъмин карда, ҷиҳати истифодаи самараноки замин, ба кор даровардани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас андешанд.
Раиси вилоят ҳамзамон барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ дар маҳаллаву деҳаҳо, ҳамчунин таъмиру тармими иншооти фарҳангиву ҷойҳои ҷамъиятӣ, бо шуғли доимӣ фаро гирифтани мардум, бахусус, занону духтарон, таъсис додани курсҳои ҳунаромўзӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна равияҳои номатлуб дар назди масъулин вазифагузорӣ намуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми шаҳр ҷашнҳои ҳумоюни миллӣ – 30 - солагии Иҷлосияи 16 - уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд