Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва мухтори Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тим Ҷонс мулоқот намуд.
Зимни суҳбат масъалаи рушди ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят сафирро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Британияи Кабир муносибатҳои хуби дӯстона дошта, бо сиёсати роҳбарони олии ду кишвар ҳамкориҳо дар самтҳои мухталиф густариш ёфта истодааст.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба ба таҳсили донишҷӯён дар макотиби олӣ, зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот, коркарди захираҳои табиӣ, коркарди пахтаву маҳсулоти кишоварзӣ, татбиқи лоиҳаҳои нав дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд.
Гуфта шуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои зиёд буда, тавассути ҷалби сармоя ва доираҳои тиҷоратии Британияи Кабир метавон корхонаҳои навро ташкил намуд.
Мулоқоти тарафҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ба анҷом расид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд