20 июн дар толори меҳмонхонаи "Суғдиён"-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорони вилояти Липетски Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар мулоқот соҳибкорони вилояти Липетск бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов ва масъулини идораҳои давлативу соҳибкорони вилояти Суғд иштирок доштанд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот аз густариши робитаҳои иқтисодӣ миёни вилояти Суғд ва вилояти Липетск изҳори қаноатмандӣ карда, ба соҳибкорони рус доир ба имкониятҳои мавҷуда маълумот дод. Қайд карда шуд, ки дар вилояти Суғд барои ташкили корхонаҳои муштарак ва коркарди пахтаву меваҳои гуногун, истеҳсоли консерва захираҳо вуҷуд дошта, ҷонибҳо метавонанд дар ин самт ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.
Пас аз мулоқоти ҷонибҳо миёни идораҳои давлатӣ ва соҳибкорони ду тараф 11 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Аз ҷумла, миёни Палатаи савдо ва саноати Липетск ва ҶДММ "Субҳи Ватан", Палатаи савдо ва саноати Липетск ва ҶДММ "Маҳмудов", ҶДММ "Амбилайф" ва Раёсати тандурусти вилояти Суғд, ҶДММ "Руслан" ва Маҷмааи таърихиву фарҳангии Қалъаи Хуҷанд, ҶДММ "Амбилайф" ва ҶДММ "Само", ҶДММ "Авикс групп", ҶДММ "Равшан", ҶДММ "Форсаж- ойл", ҶДММ "Равшан", ҶДММ "Стройнет" ва Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд, ҶДММ "Руслан" ва шуъбаи сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ҶДММ "Форвард" ва Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд созишномаҳои ҳамкорӣ имзо гардид.
Пас аз мулоқот роҳбари вилоят бо сайҳони рус, ки дар меҳмонхонаи "Суғдиён" истироҳат доштанд, суҳбат карда, таъкид кард, ки вилояти Суғд дорои минтақаҳои ҷолиби сайёҳиву истироҳатӣ буда, омода аст, ки дар чаҳор фасли сол меҳмононро қабул намояд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд