Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Эргаш Солиевро ба ҳузур пазируфт.

Бояд гуфт, ки бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2022" бо роҳбарии Эргаш Солиев гуруҳи калони меҳмонон аз вилояти Ҷиззах ба Хуҷанд ташриф оварданд.

Дар мулоқоти ҷонибҳо таъкид гардид, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар чанд соли охир ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар ба таври бесобиқа рушду тавсеа ёфта, миёни минтақаҳо низ мубодилаи молу маҳсулот дар ҳоли афзоиш аст.

Имзо гардидани «Эъломия оид ба таҳкими дӯстии абадӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон» саҳифаи наве дар таърихи муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ гардид.

Ҳамзамон роҳбарони вилоятҳо аз имзо гардидани «Харитаи роҳ» оид ба рушди ҳамкории дуҷониба миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Узбекистон барои солҳои 2022-2023 ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки имкониятҳо барои рушди ҳамкориҳо фаровон аст.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 гардиши молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва вилояти Ҷиззах 4 миллиону 900 ҳазор долларро ташкил додааст. Ин нишондод дар 4 моҳи сипаригардидаи соли равон қариб ба 4 миллион доллар расидааст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба вазъи соҳаи саноат ва кишоварзии вилояти Суғд маълумот дода, изҳори боварӣ намуд, ки дар доираи ярмарка доираҳои тиҷоратии ду вилоят созишномаҳои нави ҳамкориро имзо ва лоиҳаҳои навро амалӣ месозанд.

Ҳокими вилояти Ҷиззах Эргаш Солиев аз истиқболи самимӣ изҳори хушнудӣ карда, барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд омодагии худро баён намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд