Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Белорус Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Леонид Заятс мулоқот кард.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вилояти Суғд бо мақсади густариши робитаҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Белорус қарор дорад.
Зимни мулоқоти ҷонибҳо барои таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва афзун намудани мубодилаи молу маҳсулот ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба вазъи иқтисодии вилоят маълумот дода, қайд кард, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф аз тамоми захираву имкониятҳо истифода бурда мешавад.
-Вилояти Суғд бо вилояти Могилёв муносибатҳои дерина дошта, шаҳрҳои Хуҷанду Могилёв бародаршаҳр ҳастанд. Мо ҷонибдори онем, ки робитаҳои гуногунҷанбаи ду вилоят ба сатҳи нав бароварда шуда, дар доираи созишномаи ҳамкорие, ки миёни ду вилоят соли 2017 имзо шуда буд, робитаҳои иқтисодӣ, илмиву фарҳангиро боз ҳам тақвият бахшем"-таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода.
Раиси вилоят ҳамзамон афзуд, ки дар Суғд соҳаҳои саноату кишоварзӣ рушд карда, тарафҳо метавонанд бо ҷалби сармояи муштарак барои ташкили корхонаҳои нав дар самти коркарди пахта, чарм, меваҷот, консерва, маъдан, дорусозӣ аз имкониятҳо истифода намоянд.
Дар шаҳри Хуҷанд дар масоҳати 320 гектар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд" фаъолият дошта, дар он бо истифода аз имтиёзҳо даҳҳо корхонаҳои муштарак таъсис дода шудааст ва соҳибкорони Белорус низ метавонанд дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ тарҳҳои наву бузургро амалӣ созанд.
Леонид Заятс дар навбати худ иброз дошт, ки имконоту захираҳои мавҷуда барои таҳкими муносибатҳо ҳанӯз пурсамар истифода нашудааст ва доираҳои соҳибкории Могилёв низ ҷонибдори густариши робитаҳо ҳастанд.
-Мо метавонем мубодилаи молу маҳсулотро ба маротиб афзун намуда, дар ташкили корхонаҳои муштарак, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли лифт, коркарди пахтаву консерва иқдомҳои заруриро амалӣ созем"-илова намуд Леонид Заятс.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки доираҳои соҳибкории ҳарду вилоят дар форуми байналмилалии сармоягузорӣ, ки дар Могилёв мегузарад, мубодилаи афкор намуда, лоиҳаҳои навро муаррифӣ ва дар оянда амалӣ хоҳанд кард.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд