Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Сафири Эронро ба ҳузур пазируфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиёнро ба ҳузур пазируфт.

Сафири Эрон бо мақсади иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд–2025» ба вилояти Суғд ташриф овардааст.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунии муносибатҳои дуҷонибаро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, бахусус ҳамкориҳоро бо вилоятҳои мухталифи Эрон мавриди муҳокима қарор дода, атрофи масоили мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуданд.

Раиси вилоят иброз дошт, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён муносибатҳои дӯстона, ҳамкорӣ ва эътимоди мутақобила миёни ду кишвар дар марҳалаи нави рушд қарор доранд.

Таъкид шуд, ки робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Эрон сол то сол густариш ёфта, фазои мусоиди сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои байниминтақавӣ, аз ҷумла бо вилояти Суғд, ба вуҷуд омадааст.

Раиси вилоят омодагии вилояти Суғдро ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо бо доираҳои соҳибкориву иқтисодии Эрон, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, энергетика, сохтмон, кишоварзӣ, нақлиёт ва туризм изҳор намуда, изҳор дошт, ки ширкатҳо ва сармоягузорони эронӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар минтақа метавонанд фаъолона ширкат варзанд.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи муносиботи дуҷониба таъкид намуд, ки кишвараш ба рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистон, хоса бо минтақаҳои иқтисодии пешрафтае ба мисли вилояти Суғд, таваҷҷуҳи хос дорад.

Ҷонибҳо изҳори умедворӣ карданд, ки натиҷаҳои Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии савдо “Суғд–2025” ба таҳкими бештари муносибатҳои иқтисодӣ ва густариши робитаҳо замина мегузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд