Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон

24 майи соли 2025 Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода вазири кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иброҳим Абдураҳмоновро ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ташаббус ва роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба марҳалаи нави рушд ворид гардидааст.

Зикр гардид, ки имзои созишномаҳои стратегӣ, дӯстии абадӣ ва сафарҳои давлатӣ миёни сарварони ду кишвар ба густариши ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва равобити мутақобилаи минтақавӣ заминаи мусоид гузоштаанд.

Раиси вилоят таъкид намуд, ки бахшҳои гуногуни саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо дар вилояти Суғд босуръат рушд меёбад. Дар ҳудуди вилоят беш аз 1250 корхонаи миёна ва калон фаъолият дошта, зиёда аз 250 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад. Соҳаи кишоварзӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар таъмини амнияти озуқаворӣ нақши калидӣ мебозад ва дар вилоят 70 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст.

Ҷонибҳо доир ба воридсозии тухмиҳои хушсифати гандум ва ниҳолҳои мевадиҳанда аз Ӯзбекистон, мубодилаи таҷрибаи кишоварзони ду ҷониб, истифодаи технологияи инноватсионӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва дигар масъалаҳо мубодилаи афкор намуданд. 

Дар анҷом Раиси вилоят меҳмононро ба Ярмаркаи байналмилалии “Суғд – 2025”, ки қарор аст моҳи июни соли равон баргузор гардад, даъват намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд