Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо собиқадорони меҳнат

30 декабри соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Соли нави мелодӣ бо собиқадорон ва шахсиятҳои барӯманди арсаи меҳнат мулоқот намуд.

Раиси вилоят нахуст собиқадорони меҳнатро ба муносибати Соли нави мелодӣ табрик гуфта, илова намуд, ки дар соли 2024 ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, бахусус нафақагирон ва собиқадорони меҳнат пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд.

Маълумот дода шуд, ки Шўрои собиқадорони вилоят бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд фаъолият намуда, дар амалӣ гардидани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар тарбияи насли наврас дар рўҳияи садоқат ба Ватану ватандорӣ, меҳнатдўстӣ, густариши ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ нақши шоиста мегузорад.

Ташкилоти собиқадорони вилоят 18 ташкилоти шаҳриву ноҳиявӣ ва 285 ташкилотҳои ибтидоии собиқадоронро муттаҳид менамояд. Имрўз бештар аз 2800 нафар фаъолон вазифаҳои ҷамъиятиро дар ташкилотҳои собиқадорон иҷро менамоянд.

Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят то 1 декабри соли 2024 - юм 4 нафар маъюбу иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 8 нафарро, ки дар ақибгоҳ кору хизмат карда, бо орден ва медали «Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» мукофотонида шудаанд ва 52 нафарро, ки солҳои ҷанг дар ақибгоҳ кор кардаанд, ё дар хизмати ҳарбӣ буданд, инчунин беш аз 11 ҳазору 300 нафар собиқадорони меҳнатро муттаҳид менамояд.

Айни замон, дар вилоят 302 нафар гирандагони нафақа барои хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон умр ба сар мебаранд. Миқдори умумии нафақагирон дар вилоят 260 ҳазору 782 нафар буда, беш аз 12 ҳазору 450 нафарашон фаъолияти меҳнатӣ доранд.

Мавриди зикр аст, ки давоми соли равон дар вилоят барои хизматрасонии тиббии собиқадорон беш аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда шудааст. Аз буҷети вилоятӣ барои харидорӣ намудани роҳхатҳо беш аз 162 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар давоми сол 56 нафар эҳтиёҷмандон дар осоишгоҳ саломатии худро барқарор намуданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки собиқадорони вилоят дар рушди босуботи кишварамон, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакатамон, беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳкими суботу осоиштагӣ ва тарбияи маънавии насли фардосози миллат, яъне ҷавонону наврасон минбаъд низ саҳми шоиста мегузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд