19 декабри соли 2024 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.
Дар мулоқот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев иштирок намуданд.
Нахуст Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, баргузории чунин мулоқотҳоро барои таҳкими муносибатҳои дӯстона муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони давлатҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии минтақаҳо ҳамасола мустаҳкам гардида, ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Зеро муносибатҳои минтақавии халқҳои тоҷику ӯзбек ва қирғиз таърихи дерина дошта, мардумонамон ба анъанаҳои неки гузаштагон арҷ мегузоранд.
Мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғду Фарғона ва Бодканд, ки дар руҳияи созанда, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстона ҷараён дорад, натиҷаи талошҳои пайвастаи сарони давлатҳо дар роҳи расидан ба зиндагии шоиста дар минтақаҳои ҳаммарз мебошад. Баргузории чунин мулоқоту вохӯриҳои сеҷониба аллакай ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола ташкил ва доир мегардад, ки ба густриши муносибатҳои тарафҳо такони ҷиддӣ мебахшад.
Тазаккур дода шуд, ки вилояти Суғд дар доираи сиёсати дарҳои бози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 60 давлат муболилаи молу маҳсулот дорад. Дар ин раванд таваҷҷуҳи бештар ба минтақаҳои ҳаммарз дода мешавад.
Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев низ аз тақвияти ҳамкориҳо истиқбол намуда, барои боз ҳам густариш бахшидани робитаҳо изҳори омодагӣ намуданд.
Ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, гузаронидани бизнес-форум бо ҷалби соҳибкорони муваффақи водии Фарғона, ба кор андохтани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ташкили мулоқоту музокироти доираҳои тиҷоратӣ, соҳибкорон, бахшҳои маорифу фарҳанг, табодули таҷрибаи хоҷагидорон, муассисаҳои олии таълимӣ, гузаронидани мусобиқаву озмунҳои мухталиф дар навоҳии наздисарҳадӣ, рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо мубодилаи афкор намуданд.
Раисони вилоятҳо ҳамзамон ҳамовозии худро дар мубориза бо ҳамагуна хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстримизм баён доштанд. Қайд карда шуд, ки ҷаҳони зудтағийрёбанда водор месозад, ки бар зидди ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва иғвоангез муборизаи дастҷамъона бурда, баҳри оромиву субот ва зиндагии бехавфу шоисати сокинон дар ҳамбастагӣ талош варзид.
Дар охир раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд нақшаи чорабиниҳои муштарак барои соли 2025-ро ба имзо расониданд. Ин ҳуҷҷати муҳим имкон медиҳад, ки равобити дӯстона ва ҳамгирои тарафҳо боз ҳам ривоҷ ёфта, муносибатҳо боз ҳам таҳким ёбанд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд