Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо Хайрулло Бозоров

19 декабри соли 2024 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳокими вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайрулло Бозоровро ба ҳузур пазируфт. 

Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров ҷиҳати иштирок дар вохӯрии раҳбарони вилоятҳои Суғду Фарғона ва Бодканд ба вилояти Суғд ташриф овард.

Зимни суҳбат ҷонибҳо аз таҳкими робитаҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо таҳкими робитаҳои дӯстонаро самараи сиёсати оқилонаи сарони давлатҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо мубодилаи афкор намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд