Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо губернатори вилояти Пензаи ФР Олег Мелниченко

Ҳайти вилояти Пензаи Федератсияи Россия бо роҳбарии губернатори вилоят Олег Мелниченко бо мақсади иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» ба шаҳри Хуҷанд ташриф овард.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро ба ҳузур пазируфта, онҳоро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо, ки дар шаҳри Гулистон ҷараён гирифт, роҳбарони ду вилоят барои таҳкими робитаҳои дӯстонаи ду вилоят изҳори омодагӣ намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки Тоҷикистону Федератсияи Россия шарикони стратегӣ буда, бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ҳамкории минтақаҳои ду кишвар низ тавсеа меёбад.

Раиси вилоят вобаста ба имконияҳои вилояти Суғд маълумот дода, тақвияти ҳамкорӣ дар бахшҳои саноату кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнокро ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ кард.

Таъкид шуд, ки Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» майдони хубе барои пешниҳод, баррасӣ ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба аст ва дар назар аст, ки соҳибкорони ду вилоят ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва губернатори вилояти Пензаи ФР Олег Мелниченко инчунин ҷиҳати тавсеаи равобит дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг мубодилаи афкор намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки гуруҳи калони меҳмонон аз вилояти Пенза дар Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2024» иштирок мекунанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд