Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаровро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо аз тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, доир ба густариши робитаҳо мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ду кишвар дар самтҳои мухталиф ҳамкории самаранок доранд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф, инчунин ташкили рӯзҳои фарҳангӣ изҳор доштанд.
Дар мулоқот намояндагони шаҳри Ганҷа, ки бародаршаҳри Хуҷанд аст, иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки Алимирзамин Аскаров ва ҳамроҳонаш барои иштирок дар Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2024" ба вилоят ташриф оварданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд