Мулоқот бо директори генералии корхонаи муштараки "Зарафшон"

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии корхонаи муштараки "Зарафшон" Чан Яо Минро ба ҳузур пазируфт. 

Аснои суҳбат таъкид гардид, ки корхонаи муштарак ба истихроҷ ва коркарди маъдани куҳӣ ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа машғул буда, дар он беш аз 2800 нафар кор мекунанд ва маоши баланд мегиранд.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми корхона корхонаҳои нав ба фаъолият шурўъ карда, дар саноатикунонии босуръати мамлакат нақши бориз мегузоранд. Яке аз чунин корхонаҳо ба истеҳсоли мис машғул аст ва маҳсулот содиротӣ мебошад. Коргоҳи мазкур иқтидори коркарди 165 ҳазор тонна консентрати дорои мис ва тиллоро дар як сол дошта, маҳсулоти ниҳоии аълосифатро аз он истеҳсол менамояд. Маврид ба зикр аст, ки аз ин миқдор консентрати коркардшуда миси катодӣ, ҳамчунин ба миқдори муайян тилло ва нуқра истеҳсол карда мешавад. То ба сохта ба истифода додани корхонаи мазкур хокаи консентрати дорои мис ҳамчун ашёи хом ба дигар давлатҳо барои коркарду истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ содирот карда мешуд.

 

Зимни таҳлили фаъолияти корхонаи муштарак роҳбари вилоят барои зиёд нақб ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, афзун намудани содироти маҳсулот, иҷрои уҳдадориҳо дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, боз ҳам беҳтар намудани шароити коргарон тавсияҳо дода шуд. Аз ҷумла, ташкили коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти мисин дар назди корхона ба манфиати кор арзёбӣ шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд