Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо роҳбари кулли ширкати бисёрсоҳавии «Нур» Нурулло Усмонов

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соҳибкори маъруф, роҳбари кулли ширкати бисёрсоҳавии илмӣ-техникии «Нур» Нурулло Усмоновро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбати самимӣ аз фаъолияти бисёрсамтаи соҳибкор ва саҳми ӯ дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ёдоварӣ карда шуд. 

Тазаккур дода шуд, ки соҳибкор Нурулло Усмонов дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, дар бахшҳои мухталиф фаъолияти назаррас дорад.

Ӯ аз ҷумла дар ташкили аввалин нуқтаи таъминоти сӯзишвории гази табиӣ, бунёду бакорандозии муассисаи таълимии ғайридавлатӣ, маркази табобатӣ – солимгардонӣ, як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ саҳмгузор аст. 

Соҳибкор Нурулло Усмонов имрӯзҳо низ барои ободонии диёр меҳнат намуда, ширкати бисёрсоҳавии илмӣ-техникии «Нур»-ро роҳбарӣ мекунад.

Раиси вилоят дар зимн мавсуфро бо рӯзи милодаш, ки 20 март аст, табрик карда, барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои нав тавсияҳои судманд дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд