Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари намояндагии Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон Оливер Норманд мулоқот намуд.
Зимни мулоқот Раиси вилоят иброз дошт, ки бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд рушди соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин гардида, дар ин раванд саҳми шарикони рушд низ дар ҳалли масъалаҳои мавҷудаи ҷомеа муҳим мебошад.
Тавре иттилоъ дода шуд, татбиқи лоиҳаҳои Котиботи байналхалқии захираҳои об дар Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ва ноҳияи Ҷаббор Расулов идома дошта, дар назар аст, ки бо амалишавии пурраи лоиҳаҳо дастрасӣ ба оби нӯшокиву полезӣ дар минтақаҳо боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Дар гузашта низ бо дастгирии ташкилот дар ноҳияҳои Спитамен, Мастчоҳ, Ашт ва шаҳри Исфара як қатор лоиҳаҳо амалӣ шуда, вазъи дастрасӣ ба оби нӯшокӣ дар бархе деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои зикршуда беҳтар гардида буд.
Оливер Норманд бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкорӣ таъкид кард, ки тасмим доранд дар оянда низ чунин лоиҳаҳоро татбиқ намоянд.
Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки ташкилот метавонад барои баланд бардоштани сифати оби ошомиданӣ, ки бештари сокинони дехоти шаҳру ноҳияҳои вилоят аз обҳои зеризаминӣ (чоҳҳои амудӣ) истифода мебаранд, саҳм гузорад.
Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд