Мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Ҳамроев мулоқот анҷом дод.

Дар ин мулоқот, ки масъалаи ҳамкорӣ дар самти истифодаи захира ва манбаъҳои обии минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифт, Вазири энергетика ва оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа низ ҳузур дошт.

Раиси вилоят аснои мулоқот меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, илова намуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ду кишвар муносибатҳои дӯстона дошта, дар тамоми самтҳо ҳамкории судманд доранд.

Дар ин раванд масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати дӯстона ва бародаронаи роҳбарони давлатҳо дар сатҳи минтақаҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. 

Таъкид карда шуд, ки вилояти Суғд бо якчанд вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамсарҳад буда, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла об ба манфиати ҷонибҳо мебошад. Аз дарёи Сир ва манбаъҳои ба он ҷоришавандаи дарёи Исфара, каналҳои Фарғонаву Хоҷабоқирғон ва Оқсу хоҷагидорони минтақа дар кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳамбастагӣ истифода менамоянд.

Барои истифодаи самараноку мақсаднок, алалхусус дар мавсими кишту кор тарафҳоро зарур аст, ки ҷиҳати ҳалу фасли мушкилоту муаммои ҷойдошта, ва таъмини саривақтии кишоварзони дуҷониб бо оби полезӣ тадбирандешӣ намоянд. 

Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки бояд зерсохторҳо дар минтақаҳо дар ҳамбастагӣ ва мубодилаи маълумот барои истифодаи мақсадноки об фаъолияти кории хешро ба роҳ монанд.

Тазаккур бояд дод, ки дар доираи сафари кории ҳайати меҳмонон ба вилояти Суғд ҷаласаи 6-уми гуруҳи кории Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ баргузор гашта, дидбонгоҳҳои автоматикунонидашуда дар канали Фарғона расман ифтитоҳ гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд