Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини раиси Кумиҷроияи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус Денис Курленко ва гуруҳи соҳибкорони ин кишвар, ки ба вилоят ташриф оварданд, мулоқот намуд.

Дар мулоқот ҳамзамон Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко, роҳбарони идораҳои давлатии ду вилоят низ иштирок намуданд.

Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки бо сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко ду давлати дӯст дар бахшҳои мухталиф ҳамкории густарда доранд.

Дар доираи созишномаҳои дуҷониба миёни вилоятҳои Суғд ва Минск равобити хуби иқтисодӣ дошта, доираҳои тиҷоратии ду тараф мунтазам барои зиёд намудани гардиши молу маҳсулот кӯшиш менамоянд.

Раиси вилоят ба меҳмонон доир ба имкониятҳои вилояти Суғд ва амалисозии тарҳҳои наву муштарак маълумот дода, таъкид кард, ки дар вилояти Суғд соли 2023 ба маблағи беш аз 26 миллиард сомонӣ зиёда аз 250 номгӯи маҳсулот истеҳсол гардидааст. Захираву имкониятҳо дар вилоят фаровон буда, доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд омодаанд, ки ҳамкориро тақвият бахшанд. Аз ҷумла, дар самти бунёди корхонаҳои муштараки коркард ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, саноати кӯҳӣ-металлургӣ, мошинсозӣ, коркарди чарму пӯст, ба роҳ мондани истеҳсоли пойафзол, техникаи маишӣ метавон лоиҳаҳои муфидро амалӣ намуд.

Меҳмонон аз истиқболи гарм изҳори хушнудӣ намуда, барои роҳандозии ҳамкорӣ дар самти истеҳсоли либос ва саноати хӯрокворӣ омодагии худро баён намуданд.

Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкорӣ ба анҷом расид.

Дар доираи сафар муовини раиси Кумиҷроияи вилояти Мински Ҷумҳурии Беларус Денис Курленко ва гуруҳи соҳибкорони кишвари Беларус бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии вилояти Суғд шинос шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд