Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов мулоқот намуд.
Дар мулоқот масъалаи ҳамкории тарафайн мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят меҳмононро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки бо дастгириҳои доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят рушди иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин гардида, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардида истодааст.
Дар вилоят ба пешрафти соҳаи саноат, ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ, то ба коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ ва истеҳсоли маҳсулоти босифату ивазкунандаи воридот таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҳамасола садҳо адад корхонаҳои саноатӣ фаъол гардонида мешавад. Дар натиҷаи тадбирандешиҳо соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 26 миллиарду 51,9 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ бо нархҳои муқоисавӣ 2 миллиарду 923,9 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 110,7 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, соҳаи кишоварзӣ низ аз тарафи давлату Ҳукумат ҳамаҷиҳата дастгирӣ ёфта, деҳқонони вилоят ба натиҷаҳои баланд шарафёб мегарданд. Имрӯзҳо дар қалмрави вилояти Суғд беш аз 65 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолияти босмар дошта, саҳми хоҷагиҳо дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат басо назаррас аст.
Дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ саҳми шарикони рушд, аз ҷумла Ташкилоти Оғохон оид ба рушд низ назаррас аст.
Бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат якҷо бо Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон то ба имрӯз як қатор лоиҳаву барномаҳо амалӣ карда мешавад.
Барои густариши фаъолияти минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои нав роҳбари вилоят пешниҳод намуд, ки дар самти дастрасии деҳқонон ба тухмии хушсифати картошка, таҷдиди пойгоҳҳои обкашӣ, навсозии парки ёрии таъҷилӣ ва хадамаоти оташнишонӣ, ташкили боғҳои интенсивӣ, дастгирии бахши коммуналӣ, бунёди истгоҳи истеҳсоли барқ аз офтоб, кашидани хатти оби полезӣ, дастгирии барномасозони ҷавон ва ғайра ба манфиати кор хоҳад буд.
Намояндаи доимии Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар оянда изҳор дошта, илова намуд, ки давоми солҳои 2018-2023 аз тарафи шабакаҳои Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон дар вилояти Суғд 600 зерлоиҳа ба маблағи умумии зиёда аз 80 миллион сомонӣ татбиқ гардид, ки барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят саҳм дорад. Аз соли 2024 ташкилот амалисозии як қатор лоиҳа ва барномаҳои навро ба нақша гирифтааст, ки ҳаҷми умумии он 144 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва татбиқи лоиҳа ва барномаҳо дар самтҳои мухталифи хоҷагии халқ мавриди баррасии тарафайн қарор дода шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд