26 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндаи ширкати холдингии «Исмоили Сомонӣ» Ҳошимян Гагиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи бакорандозии ҶДММ «Суғдтекстайлз» (собиқ корхонаи «Кобул-Тоҷик-Текстайлз») ва модернизатсияи он мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре таъкид карда шуд, корхонаи мазкур бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат баён шуда буд, фаъол гардонда шуда, иқтидорҳои истеҳсолӣ истифода ва ҳаҷми истеҳоли маҳсулоти саноатӣ зиёд карда хоҳад шуд.
Азсаргирии фаъолияти корхонаи азими саноатӣ, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои марбут ба саноатикунонии босуръати мамлакат ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳад шуд, имкон медиҳад, ки ҳазорҳо нафар бо ҷойи кор таъмин гарданд ва ба даст овардани музди меҳнат дар навбати худ сабаби ба баланд шудани некӯаҳволии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Дар назар аст, ки дар корхона таҷҳизоту технологияи олмонӣ васлу насб карда шуда, коргоҳҳои ресандагиву бофандагӣ, дӯзандагӣ, рангубори матоъ таъсис дода шавад ва то 3500 нафар соҳиби ҷойи корӣ гарданд. Бо ин роҳ нақша ҳаст, ки коркарди пурраи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шавад.
Ҳамзамон сармоягузорон иқдом намудаанд, ки корхонаи истеҳоли равған дар шаҳри Конибодомро низ бо талаботи рӯз мувофиқ намуда, бо воридсозии таҷҳизоти муосири олмонӣ модернизатсияи онро ба роҳ монанд.
Раиси вилоят аз иқдомҳо созандаи соҳибкорону сармоягузорон изҳори қаноатмандӣ карда, фаъолсозии иқтидорҳои бозистодаро муфид ва саривақтӣ арзёбӣ карда, илова намуд, ки бо амалисозии тарҳҳои зикршуда метавон ба натиҷаҳои назаррас соҳиб гардид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд