Мулоқоти Раиси вилоят бо сармоягузорону соҳибкорони Ҷумҳурии Корея

22 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуруҳи сармоягузорону​ соҳибкорони​ Ҷумҳурии Кореяро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ​ дар самти истифодаи самараноки замин ва ҷалби сармоя мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси вилоят меҳмононро, ки бо мақсади иштирок дар нуҳумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2023» ба вилоят омаданд, хайрамақдам гуфта, доир ба вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ маълумот дод. Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон шуда, барои расидан ба ин ҳадаф аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад. Тазаккур дода шуд, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, ҷонибҳо метавонанд дар азхудкунии заминҳо, бунёди гармхонаҳои муосир,​ ташкили корхонаҳои коркарди пахта, меваву сабзавот ва саноати куҳӣ тарҳҳои муштаракро амалӣ созанд.

Соҳибкорону сармоягузорони​ Ҷумҳурии​ Корея дар навбати худ ҳавасмандии худро барои роҳандозии ҳамкорӣ изҳор дошта, таъкид карданд, ки барои ба роҳ мондани кишти ҷуворимакка ва коркарди он бо доираҳои тиҷоратии вилояти Суғд метавонанд ҳамкорӣ намоянд. Дар ин росто мутахассисон масъалаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, барои амалисозии ин​ иқдом чораандешӣ менамоянд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2023» чун майдони гуфтугӯ ва муколамаи соҳибкорони ду тараф хизмат хоҳад кард ва барои таҳияву татбиқи лоиҳаҳои муштарак имконият фароҳам меоварад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд