Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбарияти ширкати ««B.A Holding»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти ширкати ««B.A Holding»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода муассиси ширкат Баҳодур Абдуллоев ва директори генералии ширкат Гулбаҳор Тоҷимирзоеваро ба Суғди бостонӣ хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиеёв ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарии ҷонибҳо рушду тавсеа ёфта истодааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар вилояти Суғд барои бунёди корхонаҳои муштарак имкониятҳо фаровон буда, рушди соҳаи саноат ҳамасола таъмин гардида истодааст. Давоми 11 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 21 млрд. 759,9 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3 млрд. 595,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Фазои мусоиди инвеститсионӣ ва имтиёзҳои мавҷуда имкон фароҳам овардааст, ки сармоягузорон фаъолона дар рушди иқтисодиёт саҳм гузоранд. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2022 ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 268,2 миллион доллари ИМА сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 103,6 фоиз таъмин гардидааст. Аз ҷумла, ба маблағи 201,6 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст. 

Дар мулоқот ҷонибҳо ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро барои истифодаи самараноки замин, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан пахта ва истеҳсоли маҳсулоти таёр аз он, коркарди чарм, истеҳсоли маҳсулоти маишӣ, бунёди корхонаҳои металлургӣ мавриди таҳлил қарор дода, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ намуданд. 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд