Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар Тоҷикистон Ангелика Шопп мулоқот кард.
Аснои мулоқот ҷонибҳо вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоти байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.
Қайд карда шуд, ки Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар татбиқи лоиҳаҳои мухталиф саҳм гузошта, дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши муассир дорад. Бо дастгирии ташкилоти байналмилалӣ лоиҳаҳо дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тандурустӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кӯмак ба аҳолии осебпазиру маъюбон амалӣ мунтазам амалӣ мегардад.
Раиси вилоят омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ ва амалисозии тарҳу барномаҳои ташкилот изҳор намуда, доир ба вазъи кунунии хоҷагии халқи вилоят маълумот дод.
Ангелика Шопп барои қабул ва истиқболи самимӣ миннатдории худро баён дошта, оид ба барномаҳои Кумитаи байналмилалии Салиби сурх маълумот пешниҳод кард.
Мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳо ба анҷом расид.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд