Нимаи дуюми рӯзи 27 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аикиро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз густариши робитаҳои гуногунҷанба миёни Тоҷикистону Ҷопон изҳори қаноатмандӣ карда, татбиқи муваффақонаи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоиро натиҷаи ҳамкориҳои судманд арзёбӣ намуданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид кард, ки бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат рушди соҳаҳои хоҷагии халқ таъмин шуда, ҳамкориҳо бо кишварҳои дӯст, аз ҷумла Ҷопон дар сатҳи баланд қарор дорад. Имсол ба барқарории муносибатҳои дипломатии миёни Тоҷикистону Ҷопон 30 сол пур шуда, дар ин муддат робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар ба таври чашмрас густариш ёфт.
Бо дастгирии Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ як қатор лоиҳаҳо амалӣ гардида, бунёди синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ ба роҳ монда шуда, ҳамкориҳо минбаъд низ идома меёбанд.
Тошихиро Аики низ аз таҳким муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки дар доираи ин сафар дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Спитамен бо дастгирии сафорат ду бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода мешавад. Ҳамзамон дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ консерти гурӯҳи ҷопонии «WADAIKO SAI» баргузор мегардад.
Раиси вилоят дар вохӯрӣ вобаста ба имкониятҳои вилояти Суғд ва фазои мусоиди сармоягузорӣ маълумот дода, иброз дошт, ки тарафҳо метавонанд бо ҷалби сармоягузорони кишвари Ҷопон корхонаҳои муштаракро дар бахшҳои коркарди пахта, меваву сабзавот, метал, истеҳсоли техникаи маишӣ таъсис диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар бегоҳии рӯзи 27 октябр дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз ҷониби гуруҳи консерти гурӯҳи «WADAIKO SAI» барномаи ҷолиб пешниҳод карда шуд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд