Мулоқоти Раиси вилоят бо директори бахши содироти ширкати "Фармасинтез"-и ФР

21 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори бахши содироти ширкати дорусозии "Фармасинтез" - и Федератсияи Россия Григорий Демидовро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо масоили тақвияти ҳамкориҳо дар бахши дорусозӣ ва татбиқи лоиҳаи нав дар самти бунёди коргоҳи истеҳсоли  дорувориро баррасӣ карданд.

Раиси вилоят ба меҳмонон доир ба вазъи соҳаи саноат ва нигаҳдории тандурустӣ маълумот дода, таъкид кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи тиб ва дорусозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар мамлакат коргоҳҳои истеҳсоли доруворӣ фаъолият дорад.  Григорий Демидов зимнан таъкид дошт, ки ширкати "Фармасинтез" барои ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ аз вилояти Суғд омода мебошад. Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Фармасинтез» яке аз панҷ бузургтарин      ширкати дорусозӣ дар ФР ба ҳисоб рафта, беш аз 500 номгӯи дорувориро истеҳсол менамояд. Ширкат дар панҷ минтақаи Россия коргоҳҳои истеҳсолии худро дошта, дар онҳо 4000 нафар шаҳрвандон ба шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд.

Ширкат нақша дорад маводи дорувории худро бо нархҳои арзон ба Тоҷикистон ворид сохта, минбаъд истеҳсолоти онро ба роҳ монад.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва ба роҳ мондани хати истеҳсолӣ баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд