8 сентябр дар шаҳри Гулистон мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо бо ёдоварӣ аз сиёсати оқилонаи роҳбарони давлатҳо барои таҳкими ҳамкориҳо омодагии худро изҳор доштанд.
Таъкид карда шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дӯстона беҳтар гардида, миёни минтақаҳо ҳамкориҳо бештар гардида истодааст. Вилояти Суғд бо вилоятҳои Фарғона, Самарқанд, Ҷиззах, Намангон ва Тошканд ҳамкориҳои хуби иқтисодӣ дошта, соҳибкорони тоҷику ӯзбек дар амалисозии лоиҳаҳои муштарак фаъолона иштирок доранд.
Дар соли 2021 мубодилаи молу маҳсулот миёни вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон 207,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ҳашт моҳи соли равон бошад ин рақам ба 197 миллион доллар баробар гардид.
Раиси вилоят ҳамзамон иброз дошт, ки вилояти Суғд дорои имкониятҳои фаровон буда, доираҳои соҳибкории ду тараф метавонанд дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла мубодилаи молу маҳсулот, ташкили корхонаҳои нав дар самти коркарди пахта, меваю консерва, истеҳсоли либос, пойафзол ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.
Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров аснои мулоқот фарорасии 31-умин солгарди Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми тоҷик табрик гуфта, қайд кард, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ марҳилаи нави рушди муносибатҳо фаро расидааст. Ӯ низ аз густариши равобити миёни вилоятҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои тавсеаи ҳамкориҳо баён дошт. Гуфта шуд, ки ҳайати бузурги соҳибкорони вилояти Фарғона ба вилояти Суғд омадаанд ва умед аст, ки муносибатҳои дӯстона боз ҳам мустаҳкам гардад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд