29 август Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Квон Донгсок мулоқот намуд.
Зимни суҳбат Раиси вилоят иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кореяро алоқаҳои дӯстонаи таърихӣ ба ҳам мепайвандад ва ҳамкориҳои судманд байни кишварҳо сол аз сол мустаҳкам мегарданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2021 гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Корея 36,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил додааст.
-Мо ҷонибдори тақвияти ҳамкориҳо ва зиёд намудани мубодилаи молу маҳсулот ҳастем. Дар вилояти Суғд имкониятҳо барои рушди ҳамкориҳо фаровон аст,- таъкид кард Раҷаббой Аҳмадзода.
Раиси вилоят ҳамзамон изҳор дошт, ки вилояти Суғд барои таъсиси корхонаҳои муштарак дар самти мошинсозӣ ва истеҳсоли техникаи маишӣ ва гармхонаҳои инноватсионӣ омодаи ҳамкорӣ бо сармоягузорони Ҷумҳурии Корея мебошад.
Ҷонибҳо дар идомаи мулоқот доир ба таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, аз ҷумла таъмини иштироки доираҳои соҳибкории Корея дар татбиқи лоиҳаҳои нав мубодилаи афкор намуданд.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд